Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ХОНАИ ПИНДОР

Шаб тамошохонаи пиндорро, Дар кушудам, то бибинам борро. Дар тамошохонаи пиндори худ, Эй дареғо, ман надидам ёри худ. Нақшҳову рангҳо бисёр буд, Ҳар чӣ буд, аммо ба ғайр аз ёр буд. Лоҷарам оташ ба рагҳоям давид, Хуни дил шуд обу аз чашмам чакид. Бемуҳобо, нола кардам, ёр ку? Он шифобахши мани бемор ку? Нақшҳо ҷон ёфт дар пиндори ман, Ҳар яке хандид бар кирдори ман. З-он миён нақше ба чашмам хира гашт, Аз нигоҳаш тарс бар ман чира гашт. Дид бар ман, гуфт: Эй бепову сар, Аз рамузи ишқ то кай бехабар? Эй гирифтори ҷаҳони рангубӯй, Синаро аз рангҳо кун шустушӯй. Нақшҳоро аз дарунат пок соз, То битобад нақши ӯ дар сина боз. Худ надидӣ Каъба то бутхона буд, Ҳақ накардаш қиблаи аҳли суҷуд. Нақши ботил аз дарунаш рӯфтанд, Нақши Ҳақро бар ҷабинаш кӯфтанд. Пас бирав аз нақшҳо бегона шав, Баъд аз он бо он парӣ ҳамхона шав. Рӯҳи мо аз нури ӯ чун муштақ аст, Ҳар диле ойинаи нури Ҳақ аст. Ҳар киро зангор дар ойина нест, Синааш маҳруми ин ганҷина нест. Варна гар ойина дар зангор монд, Бегумон маҳруми ин анвор монд. Гӯши ҷон гар боз бошад субҳу шом, Ояд аз боло ба поин ин паём: «Мо дарунро бингарему ҳолро, Мо бурунро нангарему қолро»*. * Моли Мавлоно