ДАР ҚАФАС
Эй бародар, азиз чун ту басест,
Дар ҷаҳон ҳар касе азизи касест.
Ҳаваси рӯзгор хорам кард,
Рӯзгор асту ҳар дамаш ҳавасест.
Анкабути замона то чӣ танид,
Ки уқобе шикастаи магасест?
Ба ҳисоби ману ту ҳам бирасанд,
Ки ба девони мо ҳисобрасест.
Ҳар нафас ишқ мекушад моро,
Ҳамчунин ошиқем то нафасест.
Корвон аз раваш нахоҳад монд,
Боз роҳ асту ғулғули ҷарасест.
Остин бар ҷаҳон барафшонем,
Гар ба домони дӯст дастрасест.
Ташнаи нағмаҳои ӯст ҷаҳон,
Булбули мо агарчи дар қафасест.
Соя, бас кун, ки дардманду нажанд,
Чун ту дар банди рӯзгор басест.