Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чи шева-ст?!

Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чи шева-ст?! Дигаргун гаштайӣ боз, ин чи шева-ст? Аҷаб, ай турки хушранг, ин чи ранг аст?! Аҷаб, ай чашми ғаммоз, ин чи шева-ст?! Дигар бор ин чи дом асту чи дона-ст?! Ки моро куштӣ аз ноз, ин чи шева-ст?! Даридӣ пардаи мо, ин чи парда-ст?! Яке парда барандоз, ин чи шева-ст?! Манам он куҳнаишқе, ки дигар бор Гирифтам ишқ аз оғоз, ин чи шева-ст?! Мусалмонон, шумо ин шӯр бинед, Ки мислаш нест ҳанбоз, ин чи шева-ст?! Шаробу ишқу рангам ҳар се ғаммоз, Яке пинҳон се ғаммоз, ин чи шева-ст?!