ХОКИСТАР
Чун хоби ноз буд, ки боз аз сарам гузашт,
Номеҳрубони ман, ки ба ноз аз барам гузашт.
Чун абри навбаҳор бигирям дар ин чаман,
Аз ҳасрати гуле, ки зи чашми тарам гузашт.
Манзури ман, ки манзараафрӯзи оламест,
Чун барқ хандае заду аз манзарам гузашт.
Охир ба азми пурсиши парвона шамъи базм,
Омад, вале чу бод ба хокистарам гузашт.
Дарёи лутф будию ман монда бо сароб,
Дил он гаҳат шинохт, ки об аз сарам гузашт.
Миннаткаши хаёли туям, к-аз сари карам
Ҳамхобаи шабам шуду бар бистарам гузашт.
Ҷонпарвар аст лутфи ту, эй ашки жола, лек
Дер омадиву кори гули парпарам гузашт.
Хуноби дард гашту зи чашмам фурӯ чакид,
Ҳар орзу, ки аз дили хушбоварам гузашт.
Сад чашма ашки ғам шуду сад боғ лола доғ,
Ҳар дам ки хотироти ту аз хотирам гузашт.
Хуш Соя равшанист тамошои ёрро,
Ин дуди оҳу шуъла, ки бар дафтарам гузашт.