Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҶОН, ЭЙ СОҚӢ

Чист он дар лаби ширини ту? Ҷон, эй соқӣ! Биситон ҷонаму онам бичашон, эй соқӣ! Бода пеш ор, ки дар пои ту дархоҳам бохт, Ҳосили коргаҳи кавну макон, эй соқӣ! Дарди ҳиҷрони азизон ба ҷаҳон чанд кашам, Ҳама рафтанд, Худоро, ту бимон, эй соқӣ! То саранҷоми дили хуншуда чун хоҳад буд, Сарнавиште зи хати ҷом бихон, эй соқӣ!? Даври «каҷ дору марез» асту дилам меларзад, Чун тавон зист чунин дилнигарон, эй соқӣ!? На диле монду на дине зи паи ғорати ишқ, Оҳ, аз ин фитна, ки бархост, амон, эй соқӣ! Рустаме бар сари Суҳроби яле мегиряд, Нӯшдоруи умеде бирасон, эй соқӣ! Чашми мастат чӣ талаб мекунад аз Соя, бигӯ, Ба фидои лаби ширини ту ҷон, эй соқӣ!?