ҲИСОР
Эй ошиқон, эй ошиқон, паймонаҳо пурхун кунед
В-аз хуни дил чун лолаҳо рухсораҳо гулгун кунед.
Омад яке оташсавор, берун ҷаҳид аз ин ҳисор,
То бардамад хуршеди нав шабро зи худ берун кунед.
Он Юсуфи чун моҳро аз чоҳи ғам берун кашед,
Дар кулбаи эҳзон чаро ин нолаи маҳзун кунед?
Аз чашми мо ойинае дар пеши он маҳрӯ ниҳед,
Он фитнаи фаттонаро бар хештан мафтун кунед.
Девона чун туғён кунад занҷиру зиндон бишканад,
Аз зулфи Лайлӣ ҳалқае дар гардани Маҷнун кунед.
Дидам ба хоби нимашаб, хуршеду маҳро лаб ба лаб,
Таъбири ин хоби аҷаб, эй субҳхезон, чун кунед?
Нуре барои дӯстон, дуде ба чашми душманон,
Ман дил ба оташ мениҳам, ин ҳимаро афзун кунед.
З-ин тахту тоҷи сарнагун, то кай равад селоби хун?
Ин тахтро вайрон кунед, ин тоҷро ворун кунед.
Чандин ки аз хум дар сабӯ хуни дили мо меравад,
Эй шоҳидони базми кин, паймонаҳо пурхун кунед.