Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МЕЪМОРИ ГЕТӢ

Шунидам гуфт шогирде ба устод: Ки ин гетӣ шуд аз файзи ту обод. Туӣ меъмор ҳар ҷо хонае ҳаст, Ту обаш медиҳӣ, гар донае ҳаст. Ниҳоли илм аз файзи ту сероб, Баҳори маърифат шуд аз ту шодоб. Зи тавсифаш намуд устод лабханд, Ҷавобаш дод он марди хирадманд: К-аз ин тавсифҳо бисёр дидам, Ҳам аз бегона, ҳам аз ёр дидам. Ҳамон беҳтар, ки дигар кам хурӯшӣ, Чӣ лозим ҷойи гандум ҷавфурӯшӣ? Маро дар зиндагӣ ғайри диле нест, Ба ҷуз ранҷ аз ҷаҳонам ҳосиле нест. Ҳазорон донаро сероб созам, Зи лабхушкӣ, вале худ дар гудозам. Ҷаҳон обод аз меъмории ман, Надорам хонае баҳри нишеман...
МЕЪМОРИ ГЕТӢ | Шоирон