Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Борон... борон... борон...

Борон... борон... борон... Бас аз вазиши бод шикан дар шикан астӣ, Чун гесуи нобофтаи ёри ман астӣ. Чун модари ман тор кашӣ, шол бибофӣ, Чун хоҳари ман пардаю рӯмол бибофӣ. Чун шилшилаи борики рӯмоли фарангӣ, Чун бофтаи обии бисёр қашангӣ. Шаб то ба саҳар табл занӣ дар сари бомам, Баргӯӣ, чӣ овардӣ зи афлок паёмам? Борон... борон... борон... Дар тӯри булӯрит фаро гир сарамро! Дар панҷараи нуқрагият дор диламро!