Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дили хунхораро якбора бистон

Дили хунхораро якбора бистон, Зи ғам садпора шуд, якпора бистон! Бикун ҷони маро имрӯз чора, В-агар не, ҷон аз ин бечора бистон! Ҳама шаб дӯш мегуфтам: «Худоё, Ки доди ман аз он хунхора бистон! Дили сангини ӯ чун рехт хунам, Ту хуни ман зи санги хора бистон!» Ба дасти дил фиристодам ду-се хат, Яке хатро аз он овора бистон! Дар он хат сурату ашколи ишқ аст, Барои ибрату наззора бистон! Дилам бо ишқ ҳамистора афтод, Нахоҳӣ, ҷурм аз истора бистон!.