Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ишқи мутрибзодае бар сози тақво зӯр кард,

Ишқи мутрибзодае бар сози тақво зӯр кард, Донаи тасбеҳро зоҳид хари танбӯр кард. Бо ҳама вомондагӣ рӯзе ду озодӣ хуш аст, Хонаро натвон ба андӯҳи тааллуқ гӯр кард. З-ин гулистон сад саҳар ҷӯшиду сад шабнам дамид, Ибратам сайри чакиданҳои як носур кард. Бигзар аз бесарфагӯиҳо, ки сози ин бисот Гӯшмоле хӯрд, ҳар гаҳ нола бедастур кард. Мӯсии мо шуълаҳо дар пардаи найранг дошт, Ҳасрате аз дил бурун оварду барқи Тур кард. Бо чунин фурсат набуд имкон мижа бардоштан, Ваъдаи дидор халқеро амалмуздур кард. Шуҳрати иқболи аҷз аз чатри шоҳӣ бартар аст, Мӯи чинӣ соя охир бар сари фағфур кард. Шӯри асрорам ҷунун ангехт аз мӯи сафед, Шӯхии ин пунбаам ҳангомаи Мансур кард. Не зи тоат баҳрае бурдам, на завқе аз гуноҳ, Дар ҳама корам ҳузури нестӣ маъзур кард. Дахли огоҳӣ ба як сӯ неҳ, ки таҳқиқи ғаюр Чашми халқеро ба ангушти шаҳодат кӯр кард. Бедил, аз узлат каломам рутбаи маънӣ гирифт, Хумнишинӣ бодаамро ин қадар пурзӯр кард.