Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ЗИНДАҲО ВА МУРДАҲО

Буд шаҳре в-андар он марде табиб, Покдил, аммо зи дониш бенасиб. Чун ба гӯристон гузораш мефитод, Ҳарду дасти хеш бар рух мениҳод. Нуктасанҷе диду гуфт: Эй ҳушманд, Одамӣ аз мурда кай бинад газанд? Рух чаро пинҳон кунӣ аз мурдагон, Бегумон розест ин ҷо дар миён. Гуфт: Ҳар ҷо мурдае хобидааст, Доруи дасти маро нӯшидааст. Чеҳраро аз шарм пӯшам, не зи бим, То нагӯяндам, ки лаънат бар ҳаким. Офарин бар он ҳакими ҳақшинос, К-аз нигоҳи мурдагон будаш ҳарос. Раҳзанонро бин, ки пеши чашми халқ, Беҳарос аз Холиқу аз хашми халқ. Рӯз то шаб қатлу ғорат мекунанд, Боз даъвои аморат мекунанд. Ришу дасторе фароҳам кардаанд, Исму алқобе ба худ зам кардаанд. Он яке дар дар қалъае маснаднишин, Кӯчаеро карда дар зери нигин. Он дигар дар шаҳраке ҳоким шуда? Кору бораш андаке қоим шуда. Саввумӣ бо ҳарду дар ҷангу ҷидол, Шаҳр дар хун хуфта аз қатлу қитол. Муддате илҳод истибдод кард, Мушти нопоке Ватан барбод кард. Мулҳидон рафтанду дуздон омаданд, Дасташон дар дасти шайтон омаданд. Муттаҳид бо раҳзану қотил шуданд, Баҳри дунё аз Худо ғофил шуданд. Дар Ватан ҳар ҷо ҷавоне мурдааст, Ханҷари ин қотилонро хӯрдааст. Аз мазори мурдагон гар бигзаранд, Мурдагон бар тан кафанҳо бардаранд. Шӯр бархезад, ки инҳо қотиланд, Аз ҳисоби рӯзи маҳшар ғофиланд.