Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЧАҲОР БӮСА

Дар баҳорон Зери борон Бо навои обшорон Чашмҳоятро бибӯсам, Чашмҳои бегуноҳатро бибӯсам. Масту шодон Синабирён Фасли тобистони сӯзон Хирмани мӯят бибӯсам, Гарм-гарм аз тоқи абрӯят бибӯсам. Тирамоҳон Зору пазмон Рӯ ба рӯи барги резон Аз лаби нӯшат бибӯсам, Аз бари рӯю баногӯшат бибӯсам. Дар зимистон Гарму сӯзон Зери барфи тунду печон Рӯи хуршедат бибӯсам, Бо ҳазор армону уммедат бибӯсам.