САРОИ УМЕД
Эрон, эй сарои умед,
Бар бомат сапеда дамид,
К-аз ин раҳи пурхун,
Хуршеде хуҷаста расид.
Агарчи дилҳо пурхун аст,
Шукӯҳу шодӣ афзун аст.
Сапедаи мо гулгун аст,
Вой, гулгун аст,
Ки дасти душман дар хун аст.
Эй Эрон, ғамат марасод,
Ҷовидон шукӯҳи ту бод.
Роҳи мо - роҳи ҳақ,
Роҳи беҳрӯзист.
Иттиҳод, иттиҳод,
Рамзи пирӯзист.
Сулҳу озодӣ ҷовидона,
Бар ҳама ҷаҳон хуш бод!
Ёдгори хуни ошиқон, эй баҳор,
Эй баҳори тоза ҷовидон,
Дар ин чаман шукуфта бош!