Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҚИССАГӮЙИ ПИР

Имшаб чу шамъ гирякунон қисса мекунам, Месӯзадам агарчи забон, қисса мекунам. Аз аҳди бесаботи туву умри хештан, Бо мавҷҳои оби равон қисса мекунам. Рафтӣ ту чун баҳору ман афсонаи туро, Бо баргҳои зарди хазон қисса мекунам. Ашкам фасона гӯяду лаб ҳамчунон хамӯш, Бе гуфтугӯ, бибин, ки чӣ сон қисса мекунам? Чун қиссагӯи пир ба ҳар кӯча меравам, Ҷаври туро ба пиру ҷавон қисса мекунам. Фонӣ, зи дасти ин дили расвои хештан, Дорам ғаме, ки бо ту ниҳон қисса мекунам.