Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он кас, ки туро бинад в-онгаҳ назараш бар тан

Он кас, ки туро бинад в-онгаҳ назараш бар тан, З-ойина надидаст ӯ илло сияҳий оҳан! Аз оби ҳаёти ту дур аст ба зоти ту, К-аз кибр барояд ӯ боло масали равған! Пойи ту чу ҷон бӯсад, то ҳашр лабон лесад, Аз лаззати он бӯса, ай рӯт маҳи равшан! Гуфтам ба дилам: «Чунӣ?», гуфто, ки «Дар афзунӣ, Зеро ки хаёлашро ҳастам, ба Худо, маскан!». Дар сина хаёли ӯ в-он гоҳ ғаму ғусса, Дар оби ҳаёти ӯ в-он гаҳ хатари мурдан!