Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дастро то осмон бардошта,

Дастро то осмон бардошта, Ё фурӯ кӯбида бар минбар батардид Нутқ мекардӣ чунон буррою гиро, Ки дару девори маҷлисгоҳ меларзид. Сомеон бишнидаву каф мезаданд, Нутқи тӯлонию гӯё оташинат. Ҷумлаҳои қолабиятро шунида Ҷумла мегуфтанд аҳсант, офаринат. Карда ангушти ишорат сӯи мардум Пушти ҳам мечидӣ як милён санад, То кунӣ тасхир ақли халқро Халқ дар баҳри санад раҳгум занад.