Чу ояд шоири шофир шитобон,
Чу ояд шоири шофир шитобон,
Ба ҷовидон сафар дорад, маистон!
Дар сақфи майкадаи «Фароғат»
Ба ин майхона гар Хайём ояд,
Ба дасте шеъру дасте ҷом ояд,
Бинӯшад соғаре саршору сархуш
Забон дар ҳамди ин даврон кушояд,
Ки оре, ҳар чӣ хоҳӣ, ҳасту лекин
Сафи риндон чаро кам менамояд?
Ҳама оғӯши худ бикшояд осон,
Дили худро чаро кам мекушояд?