Аз он дунё агар Хайём ояд
Аз он дунё агар Хайём ояд
Ба ин майхонаи кошию гулрез,
Бинӯшад ҷоми моломолу гӯяд:
– Нигаҳ дорад худо аз дарди парҳез.
Бирақседу бибӯседу бинӯшед,
Ки ин ҷо ҷои баҳси мову ман нест.
Шумо шоҳид, ки ҳозир омадам ман,
Дар он дунё буфету рестаран нест...
Барои пештоқи арки Ваҳдат
Худовандо, худои хеш гардон миллати моро!
Муяссар кун бақои ҷовидонӣ давлати моро!
Ниҳоди кохи Ваҳдат баски бар хуни
шаҳидон аст,
Нигаҳ дор аз шабохунҳои ваҳшат ваҳдати моро!
Барои қоимаи муҷассамаи
Исмоили Сомонӣ
Дар хотири тоҷикон ҷовид ҳамемонӣ,
Бунёдгари миллат, Исмоили Сомонӣ!
Дар деворҳои гӯристон
Қабри инсон чист? Қабри ҷустуҷӯст.
Қабри инсон нест, қабри орзуст.