Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Кинаро дар домани дилҳои сангин маскан аст,

Кинаро дар домани дилҳои сангин маскан аст, Ҳар куҷо тухми шарар дидем, сангаш хирман аст. Хоксорон қосиди афтодагиҳои ҳаманд, Ҷодаро тӯмори нақши по ба манзил бурдан аст. Бо дили ҷамъ аз хароши сина ғофил нестам, Ғунчасон дар ҳар сарангуштам ниҳон сад нохан аст. Бигзар аз асбоб, агар огоҳӣ аз завқи фано, Чун шавад манзил намоён, гарди роҳ афшондан аст. Ғафлати таҳқиқ бар мо тору пуди ваҳм бофт, Варна, дар маҳтоб аҳволи катонҳо равшан аст. Бе лаби ӯ чун хаёли ғайр дар дилҳои соф Шишаҳоро мавҷи саҳбо хор дар пироҳан аст. Оташе дар ҷайби дил дуздидаам, к-аз сӯзи он Мӯ бар аъзоям чу гулхан дуди чашми равзан аст. Ҳеҷ савдое батар аз заҳмати ифлос нест, Дасти қудрат чун тиҳӣ шуд, бо гиребон душман аст. Аз видоъи ғунча оғӯши гул иншо кардаем, Бегиребонӣ тамошогоҳи чандин доман аст. Бедил, аз чашми таҳайюрпешагон нам хостан Домани оина бар уммеди об афшурдан аст.