САРГУЗАШТ
Боз борон асту шаб чун ҷангале анбӯҳ,
Аз замин оҳиста мерӯяд,
Бо навоҳои ба ҳам печида зери резиши борон,
Бо худ ӯро зери лаб наҷвост.
Саргузаште талх мегӯяд:
Кӯча торик аст,
Бонги пое мешавад наздик,
Шохае бар панҷара ангушт месояд,
Ашки борон мечакад бар шишаи торик,
Ман нишаста пеши оташ дар учоқам ҳема месӯзад.
Духтарам, Ялдо,
Хуфта дар гаҳвора меҷунбонадаш модар,
Шаб гаронбор асту борон ҳамчунон якрез меборад,
Сояи борикандоми зане афтода бар девор.
Бачаашро мефишорад дар бағал навмед,
Дар дилаш ангор чизеро,
Мекунанд аз реша хунолуд.
Лаҳзае меистад, хам мешавад,
Оҳиста бо тардид,
Раъд меғуррад,
Сел меборад,
Охирин андешаи модар:
Чӣ хоҳӣ шуд?
Осмон гӯӣ зи чашми ӯ фурӯ меборад ин борон,
Боз борон асту шаб чун ҷангали анбӯҳ,
Бар замин густурда ҳар сӯ шоху баргашро,
Бо садоҳое ба ҳам печида дорад зери лаб наҷво.
Ман нишаста тангдил пеши учоқи сард,
Духтарам Ялдо,
Хуфта дар гаҳворааш ором.