Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ҲАМОСАИ БАРОДАРӢ

Мо – шуълаи як оташ, шогирди як дабистон, Гулҳои ранг-ранги як гулшани шукуфон, Сарчашмаҳои як рӯд аз авҷи кӯҳсорон, Ангуштҳои як даст, як дасти пуртавонем, Ҳамбахту ҳамнасиба – ёру бародаронем! Мо – узвҳои як тан, мо – чашмҳои як сар, Мо – ганҷи як хазина, мо – шуълаи як ахтар, Мо – аскарони як саф, мо – рукнҳои лашкар, Аз модари замона фарзанди тавъамонем, Ҳамширу ҳамризоӣ – ёру бародаронем! Мо – торҳои як соз, пайвандҳои як ҷон, Мо – шохҳои як бун, нуқлу навои як хон, Мо созу барги як раҳ – як шоҳроҳи даврон – Хурду бузург тобон ҳаҷми як осмонем, Ҳамгавҳару ҳамахтар – ёру бародаронем! Як кӯраи табу тоб ин сон гудохт моро, Будем мо филизе, шамшер сохт моро. На қавм! На қабила! Миллат шинохт моро! Абёти шоҳвори як шеъру достонем, Ҳаммаслаку ҳамойин – ёру бародаронем! Бовар надорӣ гар ту ёрию ҳамсариро, Даврони дӯстиву даври баробариро, Бингар ба хоки кишвар гӯри бародариро – З-он пас бидонӣ мо чун ҳамному ҳамнишонем, Ҳамдостону ҳамдил – ёру бародаронем! Тиру камон чу бинӣ – мо рангҳои ӯем, Як боғбону як хок, мо гуна-гуна рӯем, Аз ҳар ваҷаб заминаш пайванди хеш ҷӯем – Авроқи як китоби таърихи ҷовидонем, Ҳамсолу ҳамзамона – ёру бародаронем!