Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

АНДУҲ

Хаставу ғамзада бо замзамаи ҳузнолуд, Шаб фурӯ мехазад аз боми кабуд. Тозабанд омада борону насиме намнок, Метаровад зи дили сарди шабонгоҳ хамӯш. Шамъи афсурдаи моҳ аз паси он абри сиёҳ, Гоҳ механдаду метобад аз андуҳе сард, Хандае ғамзада чун хандаи дард, Тобише хаставу берангу табоҳ. Чун нигоҳе, ки дар он мавҷ занад сояи марг, Сӯзнок аз дили вайрони дарахтони хамӯш, Мерасад гоҳ яке нағмаи ошуфта ба гӯш. Нағмае гумшуда аз синаи ное мавҳум, Бонге овораву шум. Мекашад мурғи шабоҳанг хурӯш, Меравад абру яке сояи анбуҳи хамӯш. Нарму хомӯш фурӯ мехазад аз гӯшаи бом, Оҳ, дардест дар он ахтари ларзанда, ки гоҳ Кӯрсӯ мезанаду мешавад аз дида ниҳон. В-аз ниҳеби нафаси тираи шом, Мекашад мурғи шабоҳанг фиғон, Оҳ, эй мурғи шабоҳанг хамӯш, Бас кун ин бонгу хурӯш. Бишкан ин нолаи пурсӯзу гудоз, Бишкан ин нола, ки он мояи ноз, Тоза рафтаст ба хоб. Оре, эй мурғаки андуҳпараст, Бас кун ин шӯру шитоб, Бас кун ин замзама, ӯ бемор аст!
АНДУҲ | Шоирон