Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Намехоҳам, ки бо кас рози он паймонгусил гӯям

Намехоҳам, ки бо кас рози он паймонгусил гӯям, Хаёлашро нишонам пешу бо ӯ рози дил гӯям. Зи сар то по ҳама ҷону дил омад он парипайкар, Маозаллаҳ, ки ҳамчун дигаронаш з-обу гил гӯям. Нишони қасди ман набвад ҷуз он турки ҷафопеша, Гар аз хубони Чин ё шӯхчашмони Чигил гӯям. Шавам бебода маст аз шеваи турконаи чашмон-ш, Дар он мастӣ чу бинам қоматашро, муътадил гӯям. Кунад даъвӣ, ки ҳастӣ бандаам в-он хатти мушкинро Чу бинам бар узори ӯ, бар ин даъвӣ сиҷил гӯям. Суханро ҷаста-ҷаста гӯям аз меҳроб бо обид, Валекин чун дарафтад з-он ду абрӯ, муттасил гӯям. Ба рӯйи сурх кам кун васф, Ҷомӣ, лолаву гулро, Ки ман пеши рухаш ин сурхрӯёнро хиҷил гӯям.