ҚАСИДАИ МИЛЛИОН
Замини тоҷикон дар арзи милён сол
милёнро намедонист,
Зи бас ин гуна давронро намедонист.
Замини оҷизи мо хуфта буд, зеро
Чунин бедорхобиҳои деҳқонро намедонист.
Замин модар буду буданд кӯтаҳдаст фарзандон,
Зи бас эъҷози дасти комунистонро намедонист.
Замини тоҷикон то ин замон ҳам буд,
Валекин киштаи андӯҳу ғам буд.
Ҳазор иқтоъдору моликон буданд,
Вале кай баҳри нафъи тоҷикон буданд.
Барои мушти хоке
Эй басо мушту гиребон мешуданд онон.
Барои як каф обе
Обрӯи ҳамдигар мерехтанд осон.
Замини тоҷикон то ин замон ҳам буд,
Ҳам беҳадду поён буд.
Вале омоҷгоҳи наъли аспони адувон буд.
Ва ҳам аз ихтилофи шоҳу мирон
Пора-пора мисли испон буд.
Вале имрӯз шукри бахт,
Шукри Инқилоби толеу қисмат,
Ки аз он пораҳо як порае саҳни ҷаҳони мост.
Ки дар он пахта мекорем...
На, на! Бахт мекорем!
Ки дар он сӯки гандум дашнаи сӯзон
Ба қалби душманони мост!
Ки дар он хирмани пахта
Сафеду пурҷилову саркашида ҷониби гардун
Ба ранги зиндагонии ҷавони мост.
«Замини тоҷикон кам» –
гоҳ мегӯянд камбинон...
Замини тоҷикон кам нест,
то тоҷик ҳасту Тоҷикистон аст.
Замини тоҷикон кам нест, то бисёр дорад дӯст,
Замини тоҷикон кам нест,
то бахташ фаровон аст...
Агар бисёр бошад ҳиммати деҳқон,