Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ин харобазамин диёри ман аст,

Ин харобазамин диёри ман аст, Марзи хунини ёдгори ман аст. Чун мазори умедҳом ин ҷост, Охируламр ҳам мазори ман аст. Ҳар киро роҳбар заған бошад, Гузари ӯ ба марғазан бошад. ки ҷое ба устод Рӯдакӣ ва ҷое ба Унсурӣ нисбат додаанд. Оҳи ман гӯрро битарконад, Оҳи ман оҳи рӯзгори ман аст. Халқи тоҷик гар надорад пос, Гӯри торик посдори ман аст. Дар канори шумо нагунҷидам, Хоки аҷдод ҳамканори ман аст. Модарам рафт, низ биштобам, Рӯҳи покаш дар интизори ман аст.