Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МАРДУД

Ба гетӣ басе ман сафар кардаам, Зи ҳар кӯрароҳе гузар кардаам. Ба ҳар гӯшаи даҳр биштофтам, Зи ҳар гӯшае нуктае ёфтам. Ба шаҳре расидам ба соҳибдиле, Ки мегуфт ин нукта дар маҳфиле: Нишастан ба гирдоби хун то камар, Давидан ба дарёи оташ ба сар, Зи авранги шоҳӣ фитодан ба зер, Ба зиндони Чингиз будан асир, Зи ҳамразми худ захм хӯрдан ба ҷон, Шунидан ҳама таънаи душманон, Ба гӯри сияҳ рафтану гум шудан, Аз он беҳ, ки мардуди мардум шудан.