Бенамак аз намаки ғайр таваҳҳум
Бенамак аз намаки ғайр таваҳҳум
дорад,
Лаби бом аст, ки изҳори такаллум дорад.
Ҷои ашк аз мижаи теғи ҳаё ҷавҳар рехт,
Чӣ қадар ҳасрати захми ту табассум дорад.
Бе ту изҳори асар хиҷлати маъдумии мост,
Қатраи дур зи дарё чӣ талотум дорад?
Зоҳид аз гунбади дастор ба худ менозад,
Накунӣ айб, ки хар фахр ба тӯқум дорад.
Гар ба додат нарасад шӯри қиёмат, ситам аст,
Дарди ҳастист, ки фарёди тазаллум дорад.
Файзи хуршед ба олам зи кавокиб нарасад,
Шишаи танг куҷо ҳавсалаи хум дорад?
Муфти ғаввоси тааммул гуҳари маънии бикр
Дафтари Бедили мо хислати қулзум дорад.
Бедил аз файзи қаноат чамани офият аст,
Такя умрест, ки бар бистари қоқум
дорад.