Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Навмед машав, ҷоно, к-уммед падид омад

Навмед машав, ҷоно, к-уммед падид омад, Уммеди ҳама ҷонҳо аз ғайб расид, омад! Навмед машав, гарчи Марям бишуд аз дастат, К-он нур, ки Исоро бар чарх кашид, омад! Навмед машав, ай ҷон, дар зулмати ин зиндон, К-он шоҳ, ки Юсуфро аз ҳабс харид, омад! Яъқуб бурун омад аз пардаи мастурӣ, Юсуф, ки Зулайхоро парда бидарид, омад! Ай шаббасаҳарбурда, дар ё рабу ё раб ту, Он ёрабу ёрабро раҳмат бишунид, омад! Ай дарди куҳангашта, бах-бах, ки шифо омад, Вай қуфли фурӯбаста бикшо, ки калид омад! Ай рӯзагирифта ту аз мойидаи боло, Рӯза бикушо хуш-хуш, к-он ғурраи ид омад! Хомуш куну хомуш кун, зеро ки зи амри кун Он сактаи ҳайронӣ бар гуфт мазид омад!