Даври ҷавонӣ бишуд аз дасти ман
Даври ҷавонӣ бишуд аз дасти ман,
Оҳу дареғ он замани дилфурӯз.
Қуввати сарпанҷаи шерӣ гузашт,
Розиям акнун ба панире чу йуз.
Пирзане мӯй сияҳ карда буд,
Гуфтам, эй момаки деринарӯз,
Мӯй ба талбис сияҳ карда гир,
Рост нахоҳад шудан ин пушти кӯз!