Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЗИНДОНИ ШАБИ ЯЛДО

Чанд ин шабу хомӯшӣ? Вақт аст, ки бархезам В-ин оташи хандонро бо субҳ барангезам. Гар сӯхтанам бояд, афрӯхтанам бояд, Эй ишқ, бизан дар ман, к-аз шуъла напарҳезам. Сад дашти шақоиқ чашм дар хуни дилам дорад, То худ ба куҷо охир бо хок даромезам. Чун кӯҳ нишастам ман бо тобу таби пинҳон, Сад зилзила бархезад, он гоҳ ки бархезам. Бархезаму бикшоям банд аз дили пуроташ В-ин сели гудозонро аз сина фурӯ резам. Чун гиря гулӯ гирад аз абр фурӯ борам, Чун хашм рух афзояд дар соиқа овезам. Эй Соя, саҳархезон дилвопаси хуршеданд, Зиндони шаби ялдо бикшояму бигрезам.