Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ғайри ишқат роҳбин ҷустем, нест

Ғайри ишқат роҳбин ҷустем, нест, Ҷуз нишонат ҳамнишин ҷустем, нест! Ончунон ҷустан, ки мехоҳӣ, бигӯ, К-ончунонро инчунин ҷустем, нест! Баъд аз ин бар осмон ҷӯем ёр, З-он ки ёре дар замин ҷустем, нест! Чун хаёли мо туйӣ, ай бехаёл, То ба чархи ҳафтумин ҷустем, нест! Биҳтар он бошад, ки маҳви ин шавем, К-аз ду олам биҳ аз ин ҷустем, нест! Софҳои ҷумла олам хурда гир, Ҳамчу дурди дарди дин ҷустем, нест! Ҳотами мулки Сулаймон ҷустанист, Ҳалқаҳо ҳасту нигин ҷустем, нест! Сурате, к-андар нигини ӯ будаст, Дар бутони Руму Чин ҷустем, нест! Ончунон сурат, ки шарҳаш мекунам, Ҷуз ки суратофарин ҷустем, нест! Андар он сурат яқин ҳосил шавад, К-аз варои он яқин ҷустем, нест! Ҷойи он ҳаст, ар гумони бад барем, З-он ки бе макре амин ҷустем, нест! Пушти мо аз занни бад шуд чун камон, З-он ки роҳе бе камин ҷустем, нест! З-ин баён нуре, ки пайдо мешавад, Дар баёну дар мубин ҷустем, нест!