Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман аз як санг бинам кӯҳсорон,

Ман аз як санг бинам кӯҳсорон, Ман аз як гул бубинам бӯстонҳо. Зи байти нобадеъ, аммо бамаънӣ Бубинам ибтидои достонҳо. Ман аз як чашма бинам баҳрҳоро, Ман аз як дона бинам хирманеро. Ман аз як чӯбаи гӯгирд бинам Фурӯзон сад ҳазорон гулханеро. Ман аз як ханда хонам ҳолати кас, Бисоти дил, бисоти рӯзгораш. Ман аз сабки қадаммониш донам Зи кишту ҳосилаш, аз ёдгораш. Бубинам аз тамоми ҷузви атроф Сафои зиндагии хештанро. Ман аз ҳар сабзаи шодоб ёбам Шукӯҳи сарзаминҳои Ватанро. Маро андар Ватан то ҳастаму ҳаст Зи сад хирвор мисқоле басандаст. Сари пур аз хаёлу орзуҳо, Дили аз ранҷу ғам холӣ басандаст.