Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Як диле чун гармии бозор мехоҳад дилам,

Як диле чун гармии бозор мехоҳад дилам, Хотире чун мастии саршор мехоҳад дилам. Дар дилам зад ин ҳама табъи равони бешарор, Табъи ҳамчун умр ноҳамвор мехоҳад дилам. То хамупечи раҳи тақдирро равшан кунад, Мисрае ҳамчун раҳи куҳсор мехоҳад дилам. Мушкилеро то барои зиндагон осон кунад, Шоире чун зиндагӣ душвор мехоҳад дилам. То ба ҳар як пора коғаз пораи дил хун шавад, Сафҳае зебо чу рӯи ёр мехоҳад дилам. То зи ҳар сатраш нафас гирад замони зиндагӣ, Қитъае дилҷӯтар аз дидор мехоҳад дилам. Бори маънӣ нест кам дар дӯши мо аз бори умр, Шеъри ҳамчун бори ноҳинҷор мехоҳад дилам.