Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар кӣ ширинӣ фурӯшад, муштарӣ бар вай биҷӯшад

Ҳар кӣ ширинӣ фурӯшад, муштарӣ бар вай биҷӯшад, Ё магасро пар бибандад, ё асалро сар бипӯшад. Ҳамчунон ошиқ набошад, в-ар бувад, содиқ набошад, Ҳар кӣ дармон мепазирад, ё насиҳат мениюшад. Гар мутеъи хидмататро куфр фармоӣ, бигӯяд, В-ар ҳарифи маҷлисатро заҳр фармоӣ, бинӯшад. Шамъ пешат рӯшноӣ назди оташ менамояд, Гул ба дастат хубрӯӣ, пеши Юсуф мефурӯшад. Суди бозаргони дарё бе хатар мумкин нагардад, Ҳар кӣ мақсудаш ту бошӣ, то нафас дорад, бикӯшад. Барги чашмам менахушад дар зимистони фироқат, В-ин аҷаб, к-андар зимистон баргҳои тар нахушад. Ҳар кӣ маъшуқе надорад, умр зоеъ мегузорад, Ҳамчунон нопухта бошад, ҳар кӣ бар оташ наҷӯшад, То ғаме пинҳон набошад, риққате пайдо нагардад, Ҳам гуле дидаст Саъдӣ, то чу булбул мехурӯшад.