ТАРС 2
Шомгоҳон,
ки нигоҳам ба уфуқ мепечад,
Ғами нашнохтае,
Синаамро ба лагад мекӯбад.
Ва ба ман мегӯяд:
Марди бегона, чаро хомӯшӣ?
На, ки дилтанг шудӣ?
Ман ғарибона ба ӯ мегӯям:
Аз чӣ дилтанг шавам?
Ҳама чиз ин ҷо ҳаст.
Баҳр дар ҷӯшу хурӯш,
шаҳр орому хамӯш.
Кӯчаҳо хоб набинанд, ки вайрон шудаанд,
Одамӣ озод аст,
Ҳама ҷо обод аст.
Тарсам аз тангии дил нест,
Лекин аз чизи дигар метарсам,
Ки мабодо рӯзе,
Андар ин соҳили дур,
Дили ман санг шавад,
Ва ғам аз синаи ман кӯч кунад,
Чораи тангдилӣ осон аст,
Беғамӣ чора надорад!