ОФТОБО, ЧӢ ХАБАР?
Офтобо, чӣ хабар?
Ин ҳама роҳ омадаӣ,
Ки ба ин хоки ғарибӣ бирасӣ?
Арғувонамро дидӣ сари роҳ?
Мисли ман пир шудаст?
Чӣ ба ӯ гуфтӣ?
Ӯ бо ту чӣ гуфт?
На,
Чаро мепурсам?
Арғувон хомӯш аст,
Дергоҳест, ки ӯ хомӯш аст.
Ошноёни забонаш рафтанд,
Арғувон вайрон аст,
Ҳардумон вайронем.
Клан, хурдодмоҳи 1396