Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

САВГАНД

Солҳои сол мегуфтанд мардум, ки: ба мо Бахту шодӣ мерасад аз лайлатулқадр, – аз қазо. Дар шаби торик Нурафшон гузар хоҳад намуд, Аввали шаб, нисфи шаб майли сафар хоҳад намуд. Шакли он гирд аст, рӯяш мисли оташпорае, То саҳар бедор хобӣ, гар кунӣ наззорае, Метавонӣ дид онро, мақсадат иҷро шавад, Ҳар чиро, ки даст гирӣ, ҷо ба ҷо тилло шавад. Лекин ин муъҷиз барои камбағал ноёб буд, Қиссаи модаркалон буду хаёлу хоб буд. Меҳнати бисёр дидам, мӯи сар ҳам шуд сафед, Ман назар кардам ба ҳар як шуъла бо чашми умед, Гашт танҳо мақсад иҷро аз мароми коммунист, Аз ҳақиқат, ростиҳои каломи коммунист. Партия халқи Ватанро шоҳасар,