Набарӣ гумон, ки муфте ба Худо расида бошӣ,
Набарӣ гумон, ки муфте ба Худо расида бошӣ,
Ту зи худ нарафта берун, ба куҷо расида бошӣ?
Сарат ар ба чарх сояд, нахурӣ фиреби иззат,
Ки ҳамон кафи ғуборӣ, ба ҳаво расида бошӣ.
Ба ҳавои худсариҳо наравӣ зи раҳ, ки чун шамъ
Сари ноз то биболад, таҳи по расида бошӣ.
Задан оина ба сангат зи ҳазор сайқал авло,
Ки ба зиштии ҷаҳоне зи ҷило расида бошӣ.
Хами турраи иҷобат ба уруҷи бениёзист,
Ту ба ваҳми хеш дасте ба дуо расида бошӣ.
Ҳама тан шикасти рангем, магузар зи пурсиши мо,
Ки ба дарди дил расидӣ, чу ба мо расида бошӣ.
Бирав, эй сипанд, имшаб сару барги мо хамӯшист,
Ту ки сӯхтанд созат, ба наво расида бошӣ.
На тараннуме, на ваҷде, на тапидане, ки ҷӯше,
Ба хуми сипеҳр то кай майи норасида бошӣ?
Нигаҳи ҷаҳоннавардӣ, қадаме зи худ бурун ой,
Ки зи хеш агар гузаштӣ, ҳама ҷо расида бошӣ.
Зи шикасти ранги ҳастӣ асари ту, Бедил, ин бас,
Ки ба гӯши имтиёзе чу садо расида бошӣ.