МАРГИ ДИГАР
Марг дар ҳар ҳолате талх аст,
Аммо ман,
Дӯсттар дорам, ки чун аз раҳ дарояд марг,
Дар шабе ором чун шамъе шавам хомӯш.
Лек марги дигаре ҳам ҳаст,
Дарднок, аммо шигарфу саркашу мағрур,
Марги мардон, марг дар майдон.
Бо тапиданҳои таблу шевани шайпур,
Бо сафири тиру барқи ташнаи шамшер,
Ғарқа дар хунпайкаре афтода дар зери суми асбон.
Ваҳ, чӣ ширин аст,
Ранҷ бурдан,
По фушурдан,
Дар раҳи як орзу мардона мурдан.
В-андар умеди бузурги хеш,
Бо суруди зиндагӣ бар лаб,
Ҷон супурдан.
Оҳ, агар бояд,
Зиндагониро ба хуни хеш ранги орзу бахшид,
Ва ба хуни хеш нақши сурати дилхоҳ зад бар пардаи уммед,
Ман ба ҷону дил пазиро мешавам ин марги хунинро.