Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Фусурдан аз мизоҷи шуъла хокистар бурун орад,

Фусурдан аз мизоҷи шуъла хокистар бурун орад, Тараддуд чун нафас сӯзад, зи худ бистар бурун орад. Ба ашке кулфати дил кай тавон бурдан, ки дарё ҳам Ятимӣ 343 мушкил аст аз тинати гавҳар бурун орад. Фано ҳам мояи ҳастист, аз офат мабош эмин, Ки чун бигзаштӣ аз мурдан, қиёмат сар бурун орад. Ба навмедӣ дар ин гулшан чу ранг уммеди он дорам, Ки афсурдан зи парвозам парафшонтар бурун орад. Зи ҷӯши бехудӣ соф аст дурди орзуи дил, Ҳушо оинае, к-аз хеш равшангар бурун орад. Ғуборе аз хаташ роҳи назар мезад, надонистам, Ки ин шамъ аз пари парвонаҳо дафтар бурун орад. Кӣ медонист пеш аз даври хат эъҷози ҳусни ӯ, Ки аз лаъли тараш мавҷи зумуррад сар бурун орад? Ба гулшан гар бигӯям васфи лаъли майфурӯши ӯ, Ба ҳасрат шохи гул аз остин соғар бурун орад. Надорад шабнами ман барги изҳоре дар ин гулшан, Магар навмедиям дар ранг чашми тар бурун орад. Ба пастӣ то намонад шавқ, ҷаҳде кун, ки хун гардӣ, Чу об оинадори ранг гардад, пар бурун орад. Фиреби ҷоҳ аз норанҷии гардун махӯр, Бедил, Ки метарсам сари бемағзе аз афсар бурун орад.