Бо кӣ гӯям, чӣ қиёмат ба сарам мегузарад?
Бо кӣ гӯям, чӣ қиёмат ба сарам мегузарад?
Ки нафас нозада ҳар шаб саҳарам мегузарад.
Дарди андӯҳ хуш аст аз тараби бекорӣ,
Ҳайфи дасте, ки зи дил бар камарам мегузарад.
Хок гил мекунаму меравам аз хеш чу ашк,
Арақи шарм зи по пештарам мегузарад,
Саъйи тарки талаб аз шамъ намеояд рост,
Пойи рафторам агар нест, сарам мегузарад.
Гарди камфурсатии коғази оташзадаам,
Ҳар нафас қофилаворе шарарам мегузарад.
Номаҳо дар бағал аз шуҳрати анқо дорам,
Қосиди ман ҳама ҷо бехабарам мегузарад.
Завқи роҳат чӣ қадар роҳзани огоҳист,
Умр дар хоб зи болини парам мегузарад.
Дил чу санг об шавад, то нафасам пеш ояд,
Зиндагӣ мунтазири шишагарам мегузарад.
Чашм барбанд, талоше дигарат лозим нест,
Лағзиши як мижа аз дайру ҳарам мегузарад.
Хоки ҳар дар, ки ба афсуни тамаъ мебӯсам,
Об мегардаду оташ зи сарам мегузарад.
Маркази сози ҳаловат гираҳи хомӯшист,
Гар нафас мезанам, аз най шакарам мегузарад.
Омадурафти нафас муғтанами роҳат гир,
Зиндагӣ ку, агар ин гарди зарам мегузарад?
Ситаме нест чу исор ба бунёди хасис,
Медарад пӯст, чу моҳӣ зи дирам
мегузарад.
Нестам қобили як гом дар ин дашт чу умр,
Лек чандон ки зи худ мегузарам, мегузарад.
Роҳ дар пардаи таҳқиқ надорам, Бедил,
Умр чун ҳалқа ба беруни дарам мегузарад.