Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо маст шудему дил ҷудо шуд

Мо маст шудему дил ҷудо шуд, Аз мо бигурехт, то куҷо шуд?! Чун дид, ки банди ақл бигсаст, Дарҳол дилам гурезпо шуд! Ӯ ҷойи дигар нарафта бошад, Ӯ ҷониби хилвати Худо шуд! Дар хона маҷӯ, ки ӯ ҳавоист, Ӯ мурғи ҳавост, дар ҳаво шуд! Ӯ бози сапеди подшоҳ аст, Паррид, ба сӯйи подшо шуд!