Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ПАЁМБАР

Яке номарди насронӣ, занеро назди Исо бурд, Ва дар маҳзар шаҳодат дод, Ки ин зан покдоман нест. Зан аз шарм гуна чун оҳуи захмии ҳаросон буд. Ва марвориди ашкаш аз хиҷолат рӯи мижгон буд. Масеҳо аз таассур ҳамчу гирдобе ба худ печид, Ва тавъам бо сукуте сӯи ёрон дид, Зи чашми ҳамраҳонаш ногаҳон барқи ғазаб ҷӯшид. Яке оҳиста, аммо боадаб пурсид: Ки, эй Рӯҳи муқаддас, Аз чӣ хомӯшӣ? Чаро аз ҷурми ин патёра ин сон дида мепӯшӣ? Сазои инчунин ҷурме, магар бар ту мабарҳан нест? Вале фарзанди Марям, ҳамчунон бо шохаи хушке, ки бар каф дошт, нақше бар замин мезад, Ва бо пои тафаккур гом дар роҳи яқин мезад. Ки ногаҳ хашмгин марде дигар з-он ҷамъ пеш омад: Ки, эй Исо, Чӣ мехоҳӣ? Гуноҳи ӯ намоён аст, Сазояш сангсорон аст. Чароғи иффати Марям, даруни синаи ин дев равшан нест, Ва ин бадкораро роҳе