Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТОҶМАҲАЛ

Дар лаби рӯди Ҷамна дидам ман Қасри монанди моҳ нурафкан. Ёдгори қадим – мақбарае, Пурҳашам, дилпазир манзарае. Ҳар касе, ки ба ӯ назар андохт, Соате чашми худ мунавваро сохт. Дасти инсон ба бурҷи ин кишвар Машъал афрӯхтаст аз мармар. Ба гумонам, ки осмон шуда паст, Бар замин ё маҳи фалак биншаст, Ё самову замин тагу рӯ шуд, Моҳ ду паллаи тарозу шуд. Ё дар ин мулк халқи бечора Рух кунад равшан аз ду маҳпора, Ё магар Агра1 - шаҳри вайрона Гашта бо моҳи пурра ҳамхона, Ё дили шаҳр солҳои дароз Сӯзад аз доғи нозанин Мумтоз2 Ё ки аз «ишқу меҳри» Шоҳи Ҷаҳон3 Шуълае монда то ҳанӯз нишон. Рост гӯям, на ину на он аст, Ҳама осори дасти инсон аст. Халқ афрӯхт аз ҳунар машъал, Номи онро гузошт Тоҷмаҳал. Аз лаби Ҷамна бар ту ин матлаб Ба канори васеи баҳри Араб Рав, ҳикоят намой аз Бамбай, Аз пурошӯб кӯчаҳои вай. Бин, ки ғоратгарон ба макру фиреб Шуда меҳмони Бамбай аз Мағриб. Сохта дар канори баҳри кабуд, Меҳмонхонае бо майли худ. Номи онро ниҳода Тоҷмаҳал, «Мекунад он ҳаёти ҳинду ҳал». Бамбайи беқарори пурғавғо З-ӯ иваз шуд ба маркази савдо. Маркази боби фитнаҷӯӣ шуд, Ҳар кафандузду мардашӯе шуд,