КАЙВОН СИТОРА БУД
Мо аз нажоди оташ будем,
Ҳамзоди офтоби баланд, аммо
Бо сарнавишти тираи хокистар,
Умре миёни кӯраи бедод сӯхтем.
Ӯ чун шарора рафт,
Ман бо шикеби хокистар мондам.
Кайвон ситора шуд,
То бар фарози ин шаби ғамнок,
Уммеди равшаниро
Бо мо нигоҳ дорад,
Кайвон ситора шуд,
То шабгирифтагон
Роҳи сапедро бишносанд.
Кайвон ситора шуд,
Ки бигӯяд:
Оташ
Он гаҳ оташ аст,
К-аз андаруни хеш бисӯзад
В-ин шоми тираро бифрӯзад.
Ман дар тамоми ин шаби ялдо,
Дасти умеди хастаи худро,
Дар дастҳои равшани ӯ мегузоштам,
Ман дар тамоми ин шаби ялдо.
Имони офтобии худро,
Аз партави ситораи ӯ гарм доштам.
Кайвон ситора буд,
Бо нур зиндагонӣ мекард,
Бо нур даргузашт,
Ӯ дар миёни мардумаки чашми мо нишаст,
То ин вадеаро,
Рӯзе ба субҳдам биспорем.