Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЛИМУ

Агар ҷониби Вахш афтад гузорат, Назар кун ба он водии дӯстдорат, Ба афзудани сарвати бешуморат, Ба нашъунамои тавоно диёрат… Ки ҳаргиз наёсуд дил бо шунидан, «Шунидан бувад кай ба монанди дидан». На танҳо хамида сари пахта аз бор, На танҳо дарахтони пурмева бисёр, На танҳо асал резад аз гул чу ҷӯбор, На танҳо ҷаву гандум анбор-анбор. Дар ин водии сер-оби ҳамапаз, Диёри наве ёфт лимуи Кавказ. Натарсад на аз офтоби ҷанубӣ, На аз гармселу на аз бодкӯбӣ. Ба сардии дай тоқат орад ба хубӣ, Бувад сабз монанди себи аюбӣ. Дар иқлими тоҷик – боғи Мичурин Қад афрохт зарриндарахти грузин. Вай аз соҳили Кура кӯчида омад, Раҳораҳ талу кӯҳ бӯсида омад, Ба хоки Ватан рӯй молида омад, Парастории халқро дида омад. Чу рамзи бузурги бародарнавозӣ Ба ин кишвар омад зи роҳи дарозе. Ватанро ба худ меҳрубон мешиносад, Саропой боғи калон мешиносад, Фараҳбахш ҷонон макон мешиносад, Забону дили боғбон мешиносад. Раванда ба ҳар сӯй лимуи Қафқоз, Ватандӯст лимуи хушбӯи Қафқоз.