Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЯК НИГОҲ

Ҷустуҷӯ кардам каломи рехта, То барам сӯяш паёми рехта. То ки он шоистаи номаш бувад, Чун қиёми бода дар ҷомаш бувад. То ба табъи ёри ман ояд писанд Бо салисиҳову мазмуни баланд. Бошад он чун қомати мавзуни ёр, Зеби лабҳо, чеҳраи гулгуни ёр. Нотиқонро борҳо дар анҷуман Гӯш кардам, буд такрори сухан. Нутқи онҳо буд мурғи бепаре, Оташе ҷо дода бар хокистаре. Бесару по домани офоқ буд, Қиссаи дерини кӯҳи Қоф буд. Ҷустуҷӯ кардам каломи рехта, То барам сӯяш паёми рехта. Ҷустуҷӯ мекардаму мекофтам, Оқибат чашми туро ман ёфтам. Омадӣ ногоҳ бо ман рӯ ба рӯ, Чашми ту мекард бо ман гуфтугӯ. Як нигоҳат ошиқонро шод кард, Шоиронро дар сухан устод кард. Як нигоҳат маънии бисёр дод, Як нигоҳат сад муамморо кушод. Ошиқам ман, ошиқи чашми сиёҳ, Ошиқи он як нигоҳу як нигоҳ.