Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ман ҷони ту, ҷонат ҷони ман

Ҷони ман ҷони ту, ҷонат ҷони ман, Ҳеч дидастӣ ду ҷон дар як бадан?! Ай тан, ар бе ӯ ба сад ҷон зиндайӣ, Ҷон талаб кун, ҷону лофи тан мазан! Дил аз ин ҷон баркану бар вай биниҳ, З-он к-аз ин ҷонӣ наёяд, ҷон макан! Аз қуларрӯҳ амри Раббӣ фаҳм шуд, Шарҳи ҷон, ай ҷон, наёяд дар даҳан!