Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОЗОДӢ

Эй шодӣ! Озодӣ! Рӯзе, ки ту боз оӣ, Бо ин дили ғампарвард, Ман бо ту чӣ хоҳам кард? Ғам ҳомони сангин аст, Дил ҳомони хунин аст. Аз сар то помон хун меборад, Мо сар то по захмӣ, Мо сар то по хунин, Мо сар то по дардем. Мо ин дили ошиқро, Дар роҳи ту омочи бало кардем. Вақте ки забон аз лаб метарсид, Вақте ки қалам аз коғаз шак дошт. Ҳатто, ҳатто ҳофиза аз ваҳшати дар хоб сухан гуфтан меошуфт, Мо номи туро дар дил, Чун нақше бар ёқут, Мекандем. Вақте ки дар он кӯчаи торикӣ, Шаб аз паи шаб мерафт Ва ҳавли сукуташро, Бар панҷараи фурӯбаста фурӯ мерехт. Мо бонги туро бо фаврони хун, Чун санге дар мурдоб, Бар бому дар афкандем. Вақте ки фиреби дев, Дар рахти Сулаймонӣ, Ангуштарро якҷо бо ангуштон мебурд, Мо рамзи туро чун исми аъзам, Дар қавлу ғазал қофия мебастем. Аз май, аз гул, аз субҳ, Аз ойина, аз парвоз, Аз симурғ, аз хуршед Мегуфтем. Он мурғ, ки дар абр сафар мекард, Он базр, ки дар хок чаман мешуд, Он нур, ки дар ойина мерақсид,