Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РОЙ ЗАДАНИ СИЁВУШ БО БАҲРОМ ВА ЗАНГА

Ду танро зи лашкар зи кундоварон, Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон, Бар ин розашон хонд наздики хеш, Бипардохт айвону биншонд пеш, Ки розаш ба ҳам буд бо ҳар ду тан Аз он пас, ки Рустам бишуд з-анҷуман. Бад-эшон чунин гуфт, к-аз бахти бад Ҳаме ҳар замон бар сарам бад расад. Бад-он меҳрубонӣ дили шаҳрёр Ба сони дарахте пур аз баргу бор, Чу Судоба ӯро фиребанда гашт, Ту гӯӣ, ки заҳри газоянда гашт. Шабистони ӯ гашт зиндони ман, Бипажмурд аз он бахти хандони ман. Чунин рафт бар сар маро рӯзгор, Ки бо меҳри ӯ оташ овард бор. Гузидам бад-он сури бе об ҷанг, Магар дур монам зи ҷанги наҳанг. Ба Балх-андарун буд чандон сипоҳ Сипаҳбад чу Гарсевази некхоҳ. Нишаста ба Суғд-андарун шаҳрёр, Пур аз кина бо теғзан сад ҳазор. Бирафтем бар сони боди дамон, Наҷустем бар ҷанги эшон замон. Чу кишвар саросар бипардохтанд, Гаравгону он ҳадяҳо сохтанд, Ҳама мӯбадон баргузиданд роҳ, Ки мо боз гардем аз ин размгоҳ. Гар ӯро зи баҳри фузунист ҷанг, Ҳамаш ҷангу ҳам кишвар ояд ба чанг. Чӣ бояд ҳаме хира хун рехтан, Чунин дил ба кин андаровехтан? Саре к-аш набошад зи мағз огаҳӣ, На аз бадтарӣ боз донад беҳӣ. Қубод омаду рафту гетӣ супурд, В-аз он пас ҳама рафта бояд шумурд. Писандаш наёмад ҳаме кори ман, Бикӯшад ба ранҷу ба озори ман.